Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чеченистон "Рӯзи Сулҳ"-ро ҷашн гирифт


Ҷумҳурии мухтори Чеченистони Русия 16 апрел “Рӯзи сулҳ”-ро ҷашн гирифт. Се сол пеш ин ҷумҳурӣ роҷеъ ба хатми даргириҳои дохилӣ эъломия нашр карда буд ва акнун севвумин солгарди сулҳ ҷашн гирифта шуд. Дар Чеченистон ин рӯз таътили умумӣ эълон шудааст ва ба ин муносибат дар нуқтаҳои мухталиф консертҳо ва ҳамоишҳо ташкил шудааст. Се сол пеш Маскав низ ба таври расмӣ эълон кард, ки дар ин ҷумҳурии мухтор амалиёти низомӣ бар зидди тундравҳои мазҳабӣ ба поён расидааст ва вазъ дар он ҷо ба ҳолати маъмулӣ баргаштааст. Вале нируҳои Русия дар ин ҷумҳурии мухтор боқӣ мондаанд.
XS
SM
MD
LG