Пайвандҳои дастрасӣ

Сокинон хостори ошкор шудани дороиҳои шаҳрвандони кишвар ҳастанд. Махсусан, дороии мансабдорону сарватмандон.

Аксар ҳамсӯҳбатони мо дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе аз ошкор кардани дороиҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ тарафдорӣ намуданд. Онҳо мегӯянд, бояд мақомоти расмӣ дар бораи даромади сокинон низ иттилои кофӣ дошта бошанд.

Аммо иддае чунин тадбирро барои шаҳрвандони оддӣ ё қатории кишвар “бори зиёдатӣ” шумурданд. Онҳо мегӯянд, мардуми оддӣ бо сад азобе рӯзи худро мегузаронад ва набояд гирифтори чунин коғазбозиҳои зиёдатӣ шавад. Яке аз назардиҳандагон дар ин бора афзуд, “мо чӣ қадар дорем ё надорем, барои давлат маълум аст. Чунки мо маоши худро имзо гузошта мегирем. Аз ин рӯ, барои ошкор кардани дороиҳои худ заруратеро намебинам.”

"Афроде, ки ба ҷуз аз маоши расмии худ даромади иловагӣ доранд, бояд дар бораи ин даромадҳояшон ба давлат маълумот диҳанд”,-илова кард дигаре. Гурӯҳе ҳам хостори онанд, ки танҳо кормандони давлатие, ки бо маоши кам зиндагии ба қавле "шоҳона" доранд, бояд сарчашмаи дороиҳои худро ошкор намоянд.

Ба қавли мақомоти расмӣ, афроди мансабдор дар Тоҷикистон ҳар сол эъломия дар бораи дороиҳои худро пур карда ба Кумитаи андози ҷумҳурӣ пешниҳод мекунанд. Вале ин маълумот дар Кумитаи андоз ҳифз шуда, мисли бархе дигар аз кишварҳо ба расонаҳо роҳ намеёбад.

Се соли пеш бархе аз вакилони порлумони Тоҷикистон ин мавзӯъро дар миён гузошта буданд, ки бояд афроди мансабдор эъломия дар бораи дороиҳояшонро дар нашрияҳо низ ба табъ расонанд. Ин пешниҳод, аммо пазируфта нашуд, зеро аксарият бар хилофи он баромад карданд.

Ин гуфтугузорҳо дар ҳолест, ки то кунун андозаи маоши раисиҷумҳури Тоҷикистон барои сокинони ин кишвар рӯшан нест. Ҳатто вакилони порлумон, ки мегӯянд, аз андозаи маоши раисиҷумҳур огоҳанд, онро ифшо намесозанд.

Хонандаи азиз, аввал ин навори видеоро бубинед ва сипас назари худро ҳам бинависед, ки то куҷо ҷонибдори ошкор шудани дороиҳои шаҳрвандони кишваред. Оё худи Шумо омодаед, ки дороиҳоятонро ошкор ва ба ҳама эълом кунед?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG