Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти ояндаи Эрон роҷеъ ба ғанисозии уран хоҳад буд


Алӣ Акбар Солеҳӣ
Алӣ Акбар Солеҳӣ
Алӣ Акбар Солеҳӣ-вазири корҳои хориҷаи Эрон рӯзи душанбе гуфт, Эрон аз ҳақи худ барои ғанӣ сохтани уран даст намекашад, вале масъалаи дар чӣ ҳадде ғанӣ сохтани уран бояд баррасӣ шавад. Солеҳӣ ин нуктаро дар мусоҳибае бо шабакаи телевизионии “Ҷоми Ҷам” изҳор дошт. Вай гуфт, ғанисозии уран “ҷонибҳои мухталиф дорад, масалан, аз урани табиӣ ё хом то ғанисозии 100 дарсадӣ”. Вай гуфт, дар ин маврид ҷое барои музокирот вуҷуд дорад ва ин масъалаҳо дар мулоқоти оянда бо 6 кишвари абарқудрати ҷаҳон 23 май дар Бағдод баррасӣ хоҳад шуд. Дар музокирот Чину Амрико, Русияву Британия ва Амрикову Олмон ширкат мекунанд.
XS
SM
MD
LG