Пайвандҳои дастрасӣ

Задухӯрдҳои Кобул ба поён расид


Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон мегӯяд, ҳамлаҳои ҳамоҳангшудаи тундравҳо ба Кобул ва шаҳрҳои дигари ин кишвар нотавонии нируҳои артиши Афғонистон ва нируҳои НАТО дар Афғонистонро нишон медиҳад. Амалиёти низомии 18 соатаи зидди тундравҳо, ки рӯзи якшанбе шурӯъ шуд, рӯзи душанбе бо ҷалби чархболҳои НАТО ва ворид овардани зарба ба мавзеъҳои тундравҳо ба поён расид. Ҳукумати Афғонистон мегӯяд, нируҳо рӯзи душанбе назорат бар минтақаҳои Ширпур ва Доруламонии Кобулро дар ихтиёри худ гирифтаанд. Бино ба хабари ҳукумати ин кишвар, дар задухӯрдҳо 36 шӯришӣ ва 11 нафар низомӣ кушта шудаанд. Бино ба ин хабар, дар ин задухӯрдҳо тундравҳо аз шабакаи Ҳаққонӣ даст доштаанд. Шабакаи Ҳаққонӣ дар Покистон ҷойгир аст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG