Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чархаҳои ниругоҳи Роғун аз Украина ба роҳ мебарояд


Корхонаи «Турбоатом»- и шаҳри Харкови Украина ду чархаи нерӯгоҳи барқи обии Роғунро сохтааст ва дар ояндаи наздик онрол ба Тоҷикистон мефиристад. Ин чархаҳои 5 ва 6 будаанд, ки тавононии ҳар 640 МВт– ро ташкил медиҳад. Бино ба хабарҳои матбуотӣ ин чархаҳо дар истгоҳи «Турбоатом» ба вагонҳо бор карда шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон дар ин маврид, ки чархаҳо чӣ тавр ба ин кишвар интиқол хоҳанд ёфт, тавзеҳот намедиҳанд, зеро Ӯзбакистон аз қабл эълом дошта буд, ки ба интиқоли ҳар гуна мавод барои нерӯгоҳи Роғун мухолифат хоҳад кард.

Як манбаъ, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, ягона роҳи интиқоли чархаҳо ба Тоҷикистон бо ҳавопаймост ва дар ҳоли ҳозир ин роҳ мавриди баррасӣ қарор дорад.
Созишнома дар бораи сохтани чархаҳои нерӯгоҳи Роғун миёни Украина ва Тоҷикистон соли 2010 ба имзо расида буд. Дар замони Шӯравӣ низ чархаҳои ин нерӯгоҳ дар Украина сохта шуда буданд
XS
SM
MD
LG