Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Шикасти музокирот таҳримҳои бештар ба дунбол хоҳад дошт"


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико.

Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико.

Раиси ҷумҳури ИМА гуфт, ки агар гуфтугӯҳои ҳастаӣ бо Эрон дар моҳи оянда пешрафт накунад, таҳримҳои бештаре дар интизори Теҳрон хоҳад буд.

Ба назар мерасад суханони Обама вокуниш ба изҳороти нахуствазири Исроил аст, ки аз додани фурсат ба Эрон интиқод карда буд.

Оқои Обама, ки барои ширкат дар нишасти кишварҳои амрикоӣ ба Колумбия сафар кардааст, рӯзи якшанбе дар як нишасти хабарӣ гуфт: “Музокирот миёни Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ, ки аз рӯзи шанбе оғоз ёфт, дарозмуддат хоҳад буд ва аз Эрон мехоҳем, ки даст ба иқдом бизанад.»

Вай изҳор дошт: “Мо мунтазир мемонем то бубинем чӣ пешрафтҳое ҳосил мешавад. Замон дар ҳоли сипарӣ шудан аст ва ман ба Эрон ва шарикони музокиракунандаи худ ёддоварӣ мекунам, ки қарор нест ин гуфтугӯҳо танҳо роҳе барои берун омадан аз раванди таваққуфшудаи феълӣ бошад.»

Намояндагони гурӯҳи панҷ ба иловаи як дар нишасти рӯзи шанбеи худ тавофуқ карданд, ки даври баъдии музокирот бо Эрон, рӯзи 23-юми май дар Бағдод баргузор шавад.

Таъйини вақти баргузории даври баъдии музокирот бо вокуниши Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил рӯбарӯ шуд ва вай рӯзи якшанбе таъкид кард: “Бисёр муҳим аст, ки Эрон ҳамин ҳоло барномаи ғанисозии уранюми худро мутаваққиф кунад.»

Оқои Нетаняҳу гуфт: “Эҳсоси аввалияи ман ин аст, ки Эрон як имтиёзе гирифта аст. Ин кишвар панҷ ҳафтаи дигар фурсат дорад то бидуни ҳеҷ гуна маҳдудият ба ғанисозии урониюм идома диҳад.»

Тӯли як соли гузашта Исроил ва Амрико борҳо ба Эрон ҳушдор додаанд, ки дар сурати талош барои дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ, аз иқдоми низомӣ барои мутаваққиф кардани Теҳрон истифода хоҳанд кард.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, Барак Обама ки қарор аст дар интихоботи моҳи ноябри Амрико бахти худро барои даври дуввуми раёсати ҷумҳури ин кишвар биозмояд, моил нест бо Эрон вориди даргирии низомӣ шавад. Вай дар айни ҳол эълом кардааст, ки қасд дорад то нерӯҳои амрикоиро аз Афғонистон хориҷ кунад.

Раиси ҷумҳури Амрико дар нишасти хабарии рӯзи якшанбеи худ гуфт, ки ҳанӯз фурсат барои коҳиши таниш дар бораи барномаи ҳастаии Эрон вуҷуд дорад.

Вай изҳор дошт: "Ҳанӯз даричае барои ҳалли дипломатии бӯҳрон вуҷуд дорад. Ин дарича дар ҳоли баста шудан аст ва Эрон бояд аз ин фурсат истифода кунад."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG