Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

А.Достиев: Аз ҳоли муҳоҷирони гирифтори сил огоҳем


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Сафири Тоҷикистон дар Русия, Абдулмаҷид Достиев, гуфт, аз ҳоли 18 муҳоҷири мубталои сил огоҳӣ дорад.

Ин шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар беморхонаи маризиҳои сили шаҳри Красногорски Русия ба сар мебаранд, хостори кӯмак барои интиқоли онҳо ба Тоҷикистон ҳастанд. Аз мавҷудияти ин маризон, ки сину соли онҳо аз 19 то 55 буда ва миёни онҳо се зан низ мебошанд, 5 донишҷӯи тоҷики Донишгоҳи тиббии Маскав, ки барои таҷрибаомӯзӣ ба ин бемористон рафта буданд, хабар доданд.

Ин донишҷӯён ба хотири бозгардони ин беморон ба ватан 100 ҳазор рубли русӣ ҷамъ кардаанд, аммо масъала ҳал нашудааст. Зеро баъзе аз ин беморон шиноснома ҳам надоштаанд. Яке аз ин донишҷӯёни ташаббускор, ки худро Шӯҳрат муаррифӣ кард, дар як тамоси телефонӣ ба мо гуфт, "22 ҳазор рублӣ стипендия мегирем. Мо чор писар ва як духтар баъди зиёрат аз шифохонаи Красногорск пули худамонро ҷамъ кардем. Беморонро дида, ба онҳо гуфтем, ки буду боши онҳо дар ин шифохона ҳеҷ маънӣ надорад. Гуфтем, агар роҳпулӣ надоред, мо ёрӣ мерасонем. Маълум шуд, ки онҳо ҳуҷҷат надоранд. Яъне масъала сиёсӣ шуд. Онҳо ҳуҷҷат надоштанд. Мо дар бораи вазъи ин беморон ба сафорат хабар додем."

Радиои Озодӣ: Шумо аз кадом гӯшаи Тоҷикистон ҳастед?

Шӯҳрат: Мо чор писар ва як духтар аз Регар ҳастем ва умедворам баъд аз ин сӯҳбат бо Шумо бо мушкилӣ мувоҷеҳ намешавем.”

Абдулмаҷид Достиев
Абдулмаҷид Достиев
Ин дар ҳолест, ки сафири Тоҷикистон дар Русия, Абдулмаҷид Достиев, ташвиши ин гурӯҳи донишҷӯёнро беасос донист ва гуфт, сафорат барои ин хабаршон ба онҳо ҷуз ташаккур чизе нахоҳад гуфт. "Аввалан, ташаккур ба Радиои Озодӣ, ки ба сарнавишти ҳамватанон таваҷҷӯҳ доред. Шумо ғами онҳоро мехӯред. Дуюм, ин ки он донишҷӯ ва ё ҳар каси дигар, ки дар бораи ҳар чизе хабар надиҳад, набояд дар ҳарос бошад. Ба ғайр аз ташаккур ӯ аз мо чизе нахоҳад шунид",-афзуд сафир.

Радиои Озодӣ: Кор бо беморон то куҷо расидааст? Шумораи онҳо чӣ қадар аст?

Абдулмаҷид Достиев: “Он ҷо (беморон) қариб бист нафаранд. Мо аз аҳволи онҳо бохабарем. Кормандони сафорат бо табибон ва маъмурияти беморхона дар тамос ҳастанд. Мо номҳои онҳоро дар ихтиёр дорем, вале табибон бо ишора ба сирри табобат дархост намудаанд, ки номҳо пинҳон бошанд. Ҳамчунон ҳамватанони беморамон низ хостаанд, ки номҳояшон пинҳон монад."

Радиои Озодӣ: Баъзе аз ин беморон шиноснома ҳам надоранд. Оё сафорат иқдоме баҳри эҳёи асноди сафари онҳо ва умуман, роҳкирои бозгашт хоҳад гирифт?

Абдулмаҷид Достиев: "Дар байни мардуми мо ин хел гирифторон кам нестанд ва барои ҳамаи онҳо маблағе пешбинӣ нашудааст. Агар дар байни ин гурӯҳ афроде бошанд, ки аз ҳад зиёд имкон надоранд, мо метавонем ба 1-2 нафар тавассути роҳи оҳан имкони бозгашт фароҳам орем. Президенти кишвар дар ин бора фармоне содир кардааст. Тибқи қонунҳои амалкунанда мо то кунун ягон шаҳрванди бесанади Тоҷикистонро ба ҳоли худ нагузоштаем. Ҳамаи онҳо ҳуҷҷат дарёфт намуда, ба ватан фиристода шудаанд."
XS
SM
MD
LG