Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон интиқоли газ ба Тоҷикистонро аз сар гирифт


Баъд аз ду ҳафтаи таваққуф Узбакистон дубора интқоли газ ба Тоҷикистонро аз сар гирифт. Ширкати давлатии “Узнефтегаз” рӯзи душанбе гуфт, ки Узбакистону Тоҷикистон ҳафтаи гузашта дар ин бора ба тавофуқ расидаанд. Узбакистон аввали моҳи апрел интиқоли газро қатъ кард, ки дар натиҷа ба фаъолияти баъзе кохонаҳои бузурги санъатии Тоҷикистон халал ворид шуд. Узбакистон ягона кишварест, ки Тоҷикистон аз он газ ворид мекунад Ин ду кишвар дар давоми ду даҳсолаи ахир муносиботи сарди дипломатӣ доранд ва Узбакистон гаҳ-гоҳе интиқоли газро қатъ мекунад. Ин ду кишвар дар масоили ҳамлу нақли транзитии коло аз қаламрави Узбакистон, роҷеъ ба масоили об ва масоили энержӣ низ ихтилофи назар доранд.
XS
SM
MD
LG