Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳузури ширкатҳои амрикоӣ дар намоишгоҳи Теҳрон


Ширкатҳои нафту гази кишварҳое, ки Теҳронро барои барномаи ҳастаияш мавриди таҳрим қарор додаанд, дар намоишгоҳи 17-уми байнулмилалии нафту газ дар пойтахти Эрон иштирок хоҳанд дошт.

Ба иттилои хабаргузории ИРНА, миёни меҳмонони намоишгоҳ, ки аз 17 то 20 апрел дар Теҳрон баргузор хоҳад гузашт, ҳайатҳои ширкатҳои нафту гази ИМА, Олмон, Бритониё ва Италия низ ҳастанд. Ин хабарро телевизиони Press TV, нашрияи “Tehran Times” ва хабаргузории Меҳр низ тайид кардаанд.

Ишқор Рӯйвар, раиси намоишгоҳ, гуфтааст, ки дар он 315 ширкати хориҷӣ ва тақрибан 940 ширкати эронӣ тавлидоту таҷҳизоти худро дар маърази намоиш мегузоранд.
XS
SM
MD
LG