Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷонибдорони Саркозӣ ва Олланд гирдиҳамоиҳо доир карданд


Дар Порис рӯзи якшанбе ҷонибдорони ду номзади асосӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурии Фаронса гирдиҳамоиҳо анҷом доданд. Интихоботи президентии Фаронса рӯзи 22 апрел баргузор хоҳад шуд.

Чандин ҳазор ҷонибдорони раисиҷумҳури феълӣ Николя Саркозӣ дар майдони марказии Порис ҷамъ омаданд, пуштибонҳои рақиби ӯ – номзади сотсиалистҳо Франсуа Олланд дар кохи Венсен, дар шарқи пойтахт, гирдиҳамӣ ва консерт ташкил намуданд.

Бар пояи назарпурсиҳо, Саркозӣ ва Олланд ба даври дуюми интихобот роҳ хоҳанд ёфт ва аммо билохира номзади сотсиалистҳо пирӯз хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG