Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз мурофиаи Брейвик шурӯъ мешавад


Имрӯз дар шаҳри Осло, пойтахти Норвегия, мурофиаи додгоҳии Андерс Брейвик, ки дар куштори 77 нафар иқрор кардааст,шурӯъ мешавад. 22 июли соли гузашта ӯ дар Осло бамгузорӣ кард, ки мунҷар ба ҳалокати 8 нафар шуд. Сипас Брейвикдар як урдугоҳи ҷавонон дар ҷазираи Утойя 69 нафарро ҳадафи тир қарор дод.

Брейвик, ки баъд аз ин кушторҳо боздошт шуд, дар терроризм ва куштори гурӯҳи бузурги одамон айбдор мешавад. Ва аммо ӯ, ҳарчанд кушторро эътироф мекунад, худро гунаҳкор намешуморад.

Чанд рӯз пеш ташхиси такрории равонӣ нишон дод, ки Андерс Брейвик рӯҳан солим ва масъули аъмолаш буд. Ташхиси қаблӣ Брейвикро маризи рӯҳӣ дарёфта буд, ки метавонист ӯро ба ҷои зиндон равонаи бемористони амрози рӯҳӣ кунад.
XS
SM
MD
LG