Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти пуштибонҳои Фаластин дар фурудгоҳи Тел-Авив


Дар фурудгоҳи шаҳри Тел-Авив, пойтахти Исроил, 30 тан аз аврупоиёни пуштибон аз Фаластин боздошт шуданд. Онҳо ба хотири ҷалби таваҷҷуҳ ба қазияи забти Каронаи бохтарии рӯди Урдун аз сӯи исроилиҳо аз кишварҳои гуногуни Аврупо ба Исроил омадаанд.

Намояндаи полиси Исроил изҳор намуд, ки афроди боздоштшуда баъд аз пурсуҷӯ аз кишвар ихроҷ хоҳанд шуд. Аз ин пеш садҳо фаъолони пуштибон аз Фаластин, ки ба онҳо иҷозаи нишастан ба ҳавопаймоҳоро надоданд, дар чанд шаҳри аврупоӣ, аз ҷумла, Порис, Брюссел ва Женева намоишҳои эътирозӣ доир карданд.

Қаблан мақомоти Исроил ба ширкатҳои ҳавопаймоии аврупоӣ рӯйхати фаъолонеро фиристоданд, ки вуруди онҳо ба Исроил мамнӯъ аст.

Фаъолони пуштибон аз Фаластин мехостанд, ки ба Каронаи бохтарии рӯди Урдун раванд ва ҳамраъйии худ бо мардуми Фаластинро намоиш диҳанд.
XS
SM
MD
LG