Пайвандҳои дастрасӣ

Истиқболи Брюссел аз раҳоии мухолифин дар Белорус


Дмитрий Бондаренко дар канори пайвандон

Дмитрий Бондаренко дар канори пайвандон

Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо аз раҳоии ду тан аз мухолифони ҳукумати Белорус аз маҳбас истиқбол карданд.

Рӯзи шанбе Андрей Санников, рақиби собиқи раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко дар интихоботи соли 2010 ва дирӯз раиси ситоди маъракаи интихоботии ӯ Дмитрий Бондаренко зиндонро тарк намуданд.

Дар изҳороти раиси бахши сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Кэтрин Эштон аз он изҳори хушҳолӣ шудааст, ки Санников ва Бондаренко озоданд ва бо хонаводаҳои худ пайвастанд.

Андрей Санников, собиқ муовини вазири умури хориҷии Белорус, баъди саркӯбии эътирозҳои баъдазинтихоботӣ дар қатори рақибони дигари Лукашенко боздошт ва маҳкум ба зиндон шуда буд.
XS
SM
MD
LG