Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Нишасти сарони кишварҳои Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ дар шаҳри Картахенаи Колумбия бо ихтилофи назари ҷиддӣ миёни ширкатдорон поён ёфт.

Кристина Фернандес де Киршнер, раисиҷумҳури Аргентина, ба нишони эътироз аз сарпечиии бархе кишварҳо барои пуштибонӣ аз Аргентина дар баҳсаш бо Бритониё оид ба ҷазираҳои Фолкленд нишастро тарк намуд.

ИМА ва Канада бо талаби аксари кишварҳои Амрикои Лотин барои дар нишастҳои оянда ширкат доштани Куба мухолифат карданд. Вошингтон ва Оттава изҳор намуданд, ки дар нишасти сарони кишварҳои Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ бояд фақат давлатҳои низомашон демократӣ ширкат кунанд. Дар посух ба ин мавқеъи Амрикову Канада ширкатдорони нишаст аз имзо гузаштан зери эъломияи муштарак сарпечӣ карданд.
XS
SM
MD
LG