Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҳамлаҳо дар Афғонистон 19 тан аз толибон кушта шуданд


Дар Афғонистон бар асари таркишҳо, тирандозӣ ва ҳамлаҳои ҷудогона, ки рӯзи якшанбе анҷом шуданд, дасти кам 19 тан аз ҳамлагарон, аз ҷумла, чанд маргталаб, ба ҳалокат расида, ду нафари дигар асир уфтоданд. Дар ин ҳодисаҳо ҳамчунин 14 корманди полис ва 9 сокини осоишта ҷон бохтанд. Ба иттилои вазорати умури дохилии Афғонистон, маълумоти дақиқ дар бораи талафот дар ҳамлаҳои рӯзи гузашта баъдан нашр хоҳад шуд.

Ба гуфтаи сокинони шаҳри Кобул, дар шарқи пойтахт корвони мошинҳои низомиёни Фаронса ва Юнон ҳадафи ҳамла қарор гирифт ва ба думболи он задухӯрд ба амал омад. То шоми гузашта даргириҳо дар наздикиҳои бинои парлумон ва минтақаи дипломатии Шерпур идома доштанд.

Аз ин пеш мақомоти амниятии Афғонистон хабар доданд, ки ҳамлагарон аз шаҳрҳои Ҷалолобод, маркази вилояти Нангарҳор ва Гардез, маркази вилояти Пактиё берун карда шуданд.

Масъулияти ҳамлаҳоро ҷунбиши “Толибон” бар ӯҳда гирифт. Забеҳулло Муҷоҳид, намояндаи ин ҷунбиш гуфт, ки ҳамлаҳо ибтидои “ошӯби баҳориянд” ва пешакӣ тарҳрезӣ шуда буданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG