Пайвандҳои дастрасӣ

Хушунат дар шаҳри Ҳумс оштӣ миёни нерӯҳои ҳукуматии Сурия ва мусаллаҳони мухолифи режими Башор Асадро ба хатар мувоҷеҳ кард.

Рӯзи якшанбе бар асари тирборони шаҳр аз сӯи нерӯҳои ҳукуматӣ дасти кам 3 нафар кушта шуданд. Мақомоти Димишқ изҳор намуданд, ки онҳо ба ҳамлаи гурӯҳҳои террористӣ посух додаанд. Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки ҷонибдорони мухолифин ба як қароргоҳи полис дар вилояти Алеппо ҳамла кардаанд.

Қарор аст имрӯз гурӯҳи нозирони СММ ба фаъолияти худ дар Сурия шурӯъ кунад. Ҳадафи ин гурӯҳ, ки ба он 30 нафар шомиланд, санҷиши иҷрои шартҳои оштӣ аз сӯи ҷонибҳои даргир аст. Ба иттилои дафтари фиристодаи вижаи СММ ва Иттиҳоди кишварҳои араб Кофӣ Аннон, шояд дар оянда теъдоди нозирон то 250 нафар афзоиш ёбад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG