Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳокими нави Кореяи шимолӣ Ким Чен Ун барои бори аввал дар мазҳари омм суханронӣ кард. Ӯ бо муроҷиат ба издиҳоми бузурги гирдомада дар расми таҷлили 100-солагии бобояш Ким Ир Сен – асосгузори Кореяи шимолӣ – бобо ва падари дар моҳи декабр даргузаштааш Ким Чен Ирро “асосгузорон ва меъморони нирӯҳои инқилобӣ”-и кишвар номид. Суханронии Ким Чен Ун дар маҷмӯъ қариб 20 дақиқа идома дошт.
XS
SM
MD
LG