Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргириҳои нав дар Ҳумсу Ҳалаб


Бино ба иддаои мухолифин, нирӯҳои Сурия имрӯз маркази Ҳумсро бо силоҳҳои сақил тирборон кардаанд. Аммо ин хабар аз ҷониби манбаъҳои дигар ҳанӯз тасдиқ нашудааст. Дидбони ҳуқуқи башари Сурия дар Лондон ҳамчунин дар бораи даргириҳои шаби гузашта дар Ҳалаб хабар медиҳад. Ин хушунатҳо ҳамагӣ як рӯз баъд аз қарори Шӯрои Амнияти СММ барои эъзоми нозиронест, ки бояд оташбаси рӯзи 12 апрел оғозёфта дар Сурияро назорат кунанд. Ҳадафи оташбас хатми хунрезиҳоест, ки дар 13 моҳ қариб 10 000 кушта ба ҷо гузошт.
XS
SM
MD
LG