Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Афзоиши тадобири амниятӣ дар фурудгоҳи Бен Гурион


Тадобири амниятӣ дар фурудгоҳи Бен Гуриони Исроил шадид шудааст. Ин тадобир ба маҳзи фаъолони тарафдори фаластиниҳост, ки ба хотири эътироз ба назорати Исроил бар сарзаминҳои фаластинӣ ба инҷо меоянд. Гурӯҳи “Марҳабо ба Фаластин” мегӯяд, алакай чандин фаъолашро бар пояи рӯйхати афроди мамнӯъулпарвоз, ки Исроил таҳия кардааст, дар Женеваву Рум ва чанд шаҳри дигар аз ҳавопаймоҳо пойин кардаанд. Пулиси Исроил мегӯяд, 4 тани дигар дар Тел-Авив боздошт шудаанд ва ихроҷ хоҳанд шуд. Созмондиҳандагон мегӯянд, барои ширкат дар эътироз ва ҳам дар расми гушоиши як мактабу осорхона дар сарзаминҳои каронаи бохтарии рӯди Урдун 1500 нафар чиптаи парвоз гирифтаанд. Аммо 60 фоизи онҳо ба маҳзи фишори Исроил сафари худро лағв кардаанд.
XS
SM
MD
LG