Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии боз як дигарандеш аз зиндони Беларус


Дзмитрий Бандаренка дар додгоҳ(Акс аз бойгонӣ)
Дзмитрий Бандаренка дар додгоҳ(Акс аз бойгонӣ)
Дзмитрий Бандаренка, як фаъоли демократияхоҳи Беларус аз зиндон раҳо ёфт. Раҳоии ӯ як рӯз баъд аз озод шудани Андрей Санникав – муовини собиқи вазири хориҷа ва рақиби раисиҷумҳури Беларус Аляксандр Лукашенка дар интихоботи соли 2010 сурат гирифт. Бандаренка, ки дар ситоди интихоботии Санникав кор мекард, барои нақшаш дар ошӯбҳои пасоинтихоботӣ ба 2 соли зиндон маҳкум шуда буд. Ҳарду бар асоси фармони афви Лукашенка раҳо шудаанд. Санникав имрӯз ба Минск баргашт ва ӯро дар истгоҳи роҳи оҳан ҳудуди 100 тан аз тарафдоронаш пешвоз гирифтанд. ИА бо талаби раҳоии тамоми маҳбусони сиёсӣ алайҳи мақомоти аршади Беларус таҳримот ҷорӣ карда буд.
XS
SM
MD
LG