Пайвандҳои дастрасӣ

Фарзанди бузурги Бурҳонуддин Раббонӣ, ҷойгузини падар дар Шӯрои олии сулҳи Афғонистон шудааст.

Ин Шӯрои иборат аз 70 нафар, ки ба хотири ташкили музокироти сулҳу оштӣ бо мухолифони низомии давлати Карзай, аз ҷумла бо ҷунбиши Толибон ва Ҳизби исломии Гулбуддин Ҳикматёр таъсис ёфтааст, Салоҳуддин Раббонии 41-соларо раҳбари нави ин ниҳод интихоб кард. Салоҳуддин Раббонӣ соли 1970 ба дунё омада, дар донишгоҳи Колумбияи Амрико таҳсили олӣ гирифтааст ва то кунун сафири Афғонистон дар Туркия буд.

Эймал Файзӣ, сухангӯи раисиҷумҳури Афғонистон гуфт, интихоби Ҳомиди Карзай дар пайи машваратҳои зиёд бо раҳбарони бонуфузи ҷиҳодиву сиёсӣ рӯи Салоҳуддин Раббонӣ қарор гирифт. Ӯ эътироф кард, ки дар ин масъала аз қабл ихтилофи назарҳое, аз ҷумла дар миёни аъзои мутанаффизи Шӯрои олии сулҳ, вуҷуд дошт, ки баъди ин машваратҳо рафъ шудааст: “Билохира, тавофуқи умумӣ рӯи Салоҳуддин Раббонӣ сурат гирифт. Ӯ феълан ҷавон аст, аммо шахси бисёр варзидаву дорои таҳсилоти олӣ ва ба забонҳои хориҷӣ ҳам балад аст. Ӯ қаблан ҳам вазоифи муҳимеро бар ӯҳда дошт. Ва мо умедворем, ки дар ҳамкорӣ бо боқӣ аъзои Шӯрои олии сулҳ, ин масъулияти бузурги барояш супурдашударо бахубӣ пеш бубаранд.”

Аммо номзадии Салоҳуддин Раббонӣ ба мухолифати аъзои мутанаффизи Шӯрои олии сулҳ, аз ҷумла Сибғатуллоҳ Муҷаддадӣ ва Саидаҳмади Гелонӣ рӯбарӯ шудааст ва Муҷаддадӣ, бино ба хабарҳо, ба нишони эътироз ба интихоб нашуданаш ба раёсати Шӯрои сулҳ, ҳатто аз тамоми симатҳои давлатии худ, бо шумули раёсати маҷлиси болоии парлумони Афғонистон истеъфо додааст.

Салоҳуддин Раббонӣ дар чунин шароите ба раёсати Шӯрои олии сулҳ меояд ва ба ақидаи нозирони умур, бояд пеш аз ҳама аъзои дигари баобрӯи ин ниҳодро қаноат диҳад, ки шахсияти беҳудае дар ин мақом нест ва коре аз дасташ меояд. Аймал Файзӣ гуфт, Муҷаддадӣ дар ҷаласаи интихоби писари Раббонӣ ширкат надошт, вале номзадии ӯ аз ҷониби Карзай бо Муҷаддадӣ аз қабл маслиҳат шуда буд: “Ва умедворем акнун ки ихтилофи назарҳое ки дар ин робита мавҷуд буд, аз байн рафта бошад ва ба зудӣ ҷаноби ҳазрат-соҳиб худаш камари эшонро баста кунад барои ин маъмурияте ки ба ӯ супурдаанд.”

Бурҳонуддин Раббонӣ дар моҳи сентябри соли 2011 дар манзилаш дар Кобул аз сӯи маргталабе, ки худро номарасони Толибон муаррифӣ мекард, кушта шуд. Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари афғон

Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари афғон

Таҳлилгари афғон Аҳмад Саидӣ мегӯяд, интихоби Салоҳуддин Раббонӣ бештар ба хотири қаноат додани пайравони Ҷамъияти исломии падараш ва фармондеҳони собиқи эътилофи шимол аст, ки баъди кушта шудани Бурҳонуддин Раббонӣ ба кор дар Шӯрои олии сулҳ алоқаи чандоне нишон намедоданд: “Дар Афғонистон дар мавриди интихоб ё интисоби касе масъалаи лаёқат матраҳ нест. Меъёр ин аст, ки гурӯҳе, танзиме, ё ҳизбе хушҳол нигоҳ дошта шавад. Яъне кӣ аз кӣ хушҳол мешавад ва кӣ муқовимат намекунад?”

Ба назари таҳлилгари дигар Ваҳиди Мужда, акнун масъала ин аст, ки писари Раббонӣ то куҷо метавонад обрӯ ва нуфузи ҳамсанги эътибори падарашро дар арса ба даст биорад. Оқои Мужда интихоби писари Раббониро давоми таҷрубаи дар Афғонистон то ҳол роиҷи “писар ба ҷои падар” медонад ва мегӯяд, боло бурдани нақши Шӯрои олии сулҳ, ки як ниҳоди тараф аст ва ба ин далел то кунун ҳам нақши чашмгире дар раванди сулҳ надошт, корест миёншикан барои шахсиятҳои ҳатто бонуфузи кишвар, чӣ расад ба Салоҳуддин Раббонӣ, ки тоза қадамҳои аввалашро дар майдони сиёсати Афғонистон мегузорад.

Ваҳид Мужда

Ваҳид Мужда

Аммо Ваҳиди Мужда афзуд: “Як ҷавон дар раъси чунин идора зарур ҳаст. То кай бояд мо ба ин фикр бошем, ки мардум фақат ба ҳамон чеҳраҳои қадимӣ бояд эътимод бикунанд. Бояд хуни наве дар ин рагҳо дамида шавад, бояд мо ҷавонҳоро ба майдон биорем. Агар онҳо тавонанд қадаме дар роҳи сулҳ бардоранд, ин як пирӯзӣ барои насли нави афғонҳост. Насле ки дар ҷанг бузург шуд, вале сулҳ мехоҳад.”

Раҳматулло Абдуллоев, афғонистоншиноси тоҷик мӯътақид аст, ки мақоми нави Салоҳуддини Раббонӣ навъе арҷгузорӣ ба хидматҳои падари ӯст, ки дар тӯли беш аз 40 сол аз чеҳраҳои умдаи арсаи сиёсии Афғонистон маҳсуб мешуд. Ба назари оқои Абдуллоев, писари Раббонӣ намояндаи он насли афғонҳост, ки дар шароити ҷанг бузург шуда, вале бештараш дар хориҷ таҳсили илм гирифтаанд ва бо як нигоҳи тоза ва комилан фарқкунанда аз насли қадим ба масоили Афғонистон, аз ҷумла ба ҷанг ва сулҳи ин кишвар нигоҳ мекунанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG