Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷаҳон аз 100-солагии фоҷиаи "Titanic" ёд кард


Киштии "Titanic"

Киштии "Titanic"

Аҳли киштии "Balmoral" дар шимоли уқёнуси Атлас, дар маҳалле ки 100 сол пеш киштии "Titanic" ғарқ шуда буд, ба ёди беш аз 1500 қурбонии он фалокат расми ёдбуд барпо карданд. Дар Ҳаллифакси Канада, макони дафни 150 қурбонии "Titanic", ва ҳам дар Белфаст, макони бунёди он киштӣ, низ аз қурбониёни он фоҷиаи 100 соли пеш ёд карданд. Дар Белфаст ба ин муносибат як боғи ёдгорӣ низ ифтитоҳ шуд. Ҳудуди 300 нафар дар маросиме дар Личфилди Инглистон, дар наздикии манзили Эдвард Смит- нохудои киштии "Titanic" гирди ҳам омаданд
XS
SM
MD
LG