Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Музокироти 5+1 бо Эрон дар Истамбул анҷом ёфт


Саид Ҷалилӣ бо раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Кетрин Эштон дар Истамбул

Саид Ҷалилӣ бо раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Кетрин Эштон дар Истамбул

Музокироти намояндагони Эрон ва 6 қудрати ҷаҳонӣ бар сари барномаи ҳастаии Теҳрон дар Истамбул анҷом ёфт. Ҳарду ҷониб ин нишастро пурсамар мехонанд, вале танҳо мавзӯъе, ки зоҳиран ба он тавофуқ шудааст, зарурати баргузории давраи баъдии музокирот дар моҳи оянда дар Бағдод аст. Саид Ҷалилӣ, раҳбари ҳайъати Эрон гуфт, ҷониби муқобил низ бояд барои касби эътимоди Эрон талош кунад ва ба ин хотир аз ҷумла таҳримотро аз байн бардорад. Гумонҳо дар бораи табиати низомии барномаи ҳастаии Эрон боис шуд, ки СММ ва кишварҳои алоҳида ба иллати ироа накрадани маълумоти кофӣ дар бораи ин барномаҳояш алайҳи Теҳрон таҳримот ҷорӣ кунанд.Эрон мегӯяд, танҳо ҳадафаш тавлиди нирӯи барқ аст.
XS
SM
MD
LG