Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳоии 384 маҳбус аз зиндони Банну дар Покистон


Дар натиҷаи ҳамлаи субҳи барвақти имрӯзи ҷангиёни мусаллаҳ ба як зиндон дар шаҳри Банну, дар шимолуғарби Покистон 384 маҳбус раҳо ёфтанд. Ба гуфтаи мақомот, ҳадафи ҷангиён зоҳиран раҳо кардани Аднон Рашид буд, ки бо ҷурми ширкат дар қасди куштани президенти собиқи Покистон Парвиз Мушарраф адои ҳукм мекард. Мир Лоиқхон, як маъмури зиндони Банну гуфт: “Онҳо дар ду ё се мошин омаданд. Ва барои расидан ба дарвозаи зиндон моро амр карданд, ки аз роҳашон дур шавем. Ман ба сӯяшон тир андохтам, онҳо бо норинҷак посух доданд. Силоҳбадастони дигар аз ҷониби дигар вориди зиндон шуданд. Онҳо тамоми зиндонро ба даст оварданд.”
Сухангӯи Толибон Осим Маҳсуд ба Радиои Машъал гуфт, масъулияти ҳамларо ин гурӯҳ бар ӯҳда мегирад. Ба гуфтаи ӯ, ба зиндони Банну тақрибан 150 “бомбгузори маргталаб” ҳамла кардаанд.
XS
SM
MD
LG