Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти як тоҷик бо ҷурми ҳамла ба дорухона


Дар Маскав як тоҷики 22-соларо бо иттиҳоми қасди ғорати як дорухона боздошт кардаанд. Ба гуфтаи пулиси пойтахти Русия, шаби ҷумъа ба шанбе ду нафар мехостанд аз дорухонае дар кӯчаи Маросейка дар ивази як пули қалбакии 5000-рублӣ дору бихаранд, вале чун фиребашон фош шуд, бо таҳдид аз туфангчаи пневматикӣ тамоми пули кассаи дорухонаро талаб мекунанд. Чун ба ин ҳам муваффақ нашуданд, фурӯшандаро мепарронанд ва фирор мекунанд. Пулис мегӯяд, яке аз ҳамлагаронро, ки шаҳрванди Тоҷикистон аст, боздошт кардааст.
XS
SM
MD
LG