Пайвандҳои дастрасӣ

Бомдоди якшанбе дар ҷараёни ҳамлаи силоҳбадастон ба боздоштгоҳи марказии шаҳри Банну, дар шимолу ғарби Покистон, ҳудуди 400 нафар фирор карданд.

Бинобар гузоришҳо, шибҳи низомиён, ки ба гуфтаи манобеи маҳаллӣ афроди Толибон ҳастанд, дар ин ҳамла аз норинҷак ва аслиҳаи сангин истифода бурданд.

Расонаҳои покистонӣ аз қавли мақомоти амниятии ин кишвар менависанд, аксари фирориён афроди вобаста ба Толибон будаанд.

Дар ҷамъи фирориён Аднон Рашид, ки ба ҷурми даст доштан дар ҳамла ба Парвиз Мушарраф, раиси ҷумҳури пешини Покистон дар зиндон ба сар мебурд, низ шомил аст.

Дар ин маҳбас ҳудуди 944 зиндонӣ нигоҳ дошта мешудааст ва ба гуфтаи мақомоти пулиси маҳаллӣ 4 тан аз афсарони пулис низ захмӣ шудаанд.

Дар ҳамин ҳол Ҳаракати Толибони Покистон масъулияти ин амалро ба дӯш гирифтааст.

Минтақаи қабиланишини Банну, дар марз бо Афғонистон воқеъ буда, аз чандин сол ба ин сӯи саҳнаи даргириҳо миёни нерӯҳои артиши Покистон ва ситезаҷӯёни ҷонибдорони Толибон мебошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG