Пайвандҳои дастрасӣ

Писари Раббонӣ раиси Шӯрои сулҳ шуд


Салоҳиддин Раббонӣ – писари раисиҷумҳури собиқи Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ – ба ҷои падараш раиси Шӯрои олии сулҳ, ниҳоди масъули гуфтугӯи сулҳи Кобул бо ҷунбиши Толибон, таъйин шуд. Аҷмал Файзӣ – сухангӯи раисиҷумҳури Афғонистон гуфт, Ҳомиди Карзай дар пайи интихоби Салоҳиддин Раббонӣ аз сӯи Шӯрои 70-нафарии сулҳ ба интисоби ӯ тасмим гирифт. Салоҳиддин Раббонӣ феълан сафири Афғонистон дар Туркия аст. Бурҳониддин Раббонӣ моҳи сентябри соли 2011 дар манзилаш дар Кобул дар натиҷаи як ҳамлаи интиҳорӣ кушта шуд. Маргталаб худро намояндаи Толибон муаррифӣ карда буд.
XS
SM
MD
LG