Пайвандҳои дастрасӣ

Ду тамоси муҳими телефонии Ҳамроҳхон Зарифӣ


Ҳамроҳхон Зарифӣ

Ҳамроҳхон Зарифӣ

Вазири хориҷаи Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ ахиран бо муовини вазири хориҷаи Амрико дар умури кишварҳои Осиёи марказиву ҷанубӣ Роберт Блейк ва ҳам бо Мирослав Енч – раҳбари маркази дипломатияи пешгирикунандаи СММ дар Осиёи Марказӣ тавассути телефон вазъи ҳамкориҳои дуҷониба ва масоили минтақавиро баҳс кардааст. Дар сӯҳбат бо оқои Енч аз ҷумла масоили пешгирӣ аз низоъҳо ва таҳкими амният баррасӣ шудааст. Душанбе аз ифшои ҷузъиёти бештари ин сӯҳбатҳо худдорӣ мекунад, вале нозирони умур бо ишора ба танишҳои ахир байни Тоҷикистону Узбакистон мегӯянд, ба эҳтимоли ғолиб, як мавзӯъи матрӯҳа дар ин гуфтугӯҳо ҳамин танишҳост.
XS
SM
MD
LG