Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Писари Раббонӣ раиси Шӯрои сулҳи Афғонистон шуд


Марҳум Бурҳониддини Раббонӣ (дар байн)

Марҳум Бурҳониддини Раббонӣ (дар байн)

Салоҳиддин Раббонӣ, фарзанди марҳум устод Бурҳониддини Раббонӣ, раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон шуд.

Салоҳиддин Раббонӣ – писари раисиҷумҳури собиқи Афғонистон Бурҳонуддин Раббонӣ – ба ҷои падараш раиси Шӯрои олии сулҳ, ниҳоди масъули гуфтугӯи сулҳи Кобул бо ҷунбиши Толибон, таъйин шуд.

Аҷмал Файзӣ – сухангӯи раисиҷумҳури Афғонистон гуфт, Ҳомиди Карзай дар пайи интихоби Салоҳиддин Раббонӣ аз сӯи Шӯрои 70-нафарии сулҳ ба интисоби ӯ тасмим гирифт. Салоҳиддин Раббонӣ феълан сафири Афғонистон дар Туркия аст. Салоҳиддин Раббонӣ хатмкардаи яке аз донишгоҳҳои Арабистони Саудӣ буда, инчунин дипломи Донишгоҳи “Кингстон”-и Лондонро низ дорад.

Бурҳонуддини Раббонӣ, падари Салоҳиддин Раббонӣ -- раиси нави Шӯрои олии сулҳи Афғонистон то дами маргаш раҳбарии ин шӯроро бар ӯҳда дошт. Вай моҳи сентябри соли 2011 дар манзили худ кушта шуд. Маргталабе, ки даст ба ҷони Бурҳонуддини Раббонӣ зад, худро намояндаи Толибон муаррифӣ карда буд, ки гӯиё бо худ аз номи он ҷунбиш як паёми сулҳ овардааст.

Бурҳонуддини Раббонӣ, раисиҷумҳури собиқи Давлати исломии Афғонистон дар 20-уми сентябри соли 1940 дар ноҳияи Афтали вилояти Бадахшони Афғонистон таваллуд шудааст. Ӯ аввал Донишгоҳи Кобулро хатм намуд ва баъдан дар соли 1968 аз Донишгоҳи Ал-Азҳари Миср дар риштаи фалсафаи исломӣ фавқуллисонс гирифт.

Раббонӣ дар ҳамон сол ба Афғонистон баргашт ва ба тадрис дар Донишгоҳи Кобул пардохт. Ӯ ҳамзамон ба яке аз фаъолони сиёсӣ табдил шуд ва дар соли 1971 ҳизби Ҷамъияти Исломиро бунёдгузорӣ кард. Ҳизбе, ки фароз ва фурудҳои зиёдеро дар солҳои ҷанги дохилии Афғонистон таҷриба кард ва то кунун муқтадиртарин ташаккули саҳнаи сиёсии Афғонистон ба шумор меравад. Бурҳонуддини Раббонӣ то дами маргаш раҳбарии ин ҳизбро ҳам бар ӯҳда дошт.

Шӯрои сулҳи Афғонистон соли 2010 барои гуфтугӯи давлати ин кишвар бо гурӯҳи Толибон бо пешниҳоди Ҳомиди Карзай ташкил шудааст. Пас аз марги Бурҳонуддини Раббонӣ дар тӯли ҳафт моҳи ахир ин шӯро раҳбар надошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG