Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барканории вазири туркман ба маҳзи рафтори писараш


Раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов вазири энерживу саноат Ёрмуҳаммад Оразқулиевро ба иллати даст доштани писараш дар як садамаи нақлиётӣ барканор кард. Бердимуҳаммадов дар ҷаласаи ҳукумат, ки аз телевизион намоиш дода шуд, гуфт, “бархе мақомот ба тарбияи фарзандони худ таваҷҷӯҳ намекунанд.” Оразқулиев ба навбаи худ аз президент узр хост, ки натавонистааст “аъзои оилаашро дар рӯҳияи таълимоту роҳнамоиҳои Арқадаг тарбия кунад.” Арқадаг исми ифтихориест, назири лақаби Туркманбошии Сафармурод Ниёзов, ки ба Бердимуҳаммадов додаанд.
XS
SM
MD
LG