Пайвандҳои дастрасӣ

Омодагиҳо ба эъзоми нозирони низомӣ ба Сурия


Тонки артиши Сурия ҳангоми дидбонӣ дар як канораи Димишқ

Тонки артиши Сурия ҳангоми дидбонӣ дар як канораи Димишқ

Оташбаси осебпазир дар Сурия вориди рӯзи севум шуд. Бо ин ҳол, қарор аст, рӯзи шанбе Шӯрои Амнияти СММ ба қатъномае раъй диҳад, ки истиқрори гурӯҳи аввали нозирони низомии СММ ба хотири назорати оташбас дар Сурияро иҷозат хоҳад дод. Аъзои Шӯрои Амният рӯзи ҷумъа пушти дарҳои баста тарҳҳои мухталифи аз сӯи Амрико, муттаҳидини аврупоияш ва Русия пешниҳодшударо баҳс карданд. Аҳмад Фавзӣ, сухангӯи фиристодаи СММ ва Лигаи Араб дар Сурия Куфӣ Аннон дар нишасти хабарие дар Женева гуфт, нахустин гурӯҳи нозирон, иборат аз “тақрибан 10-12 нафар” алакай омодаи парвоз аст.
Ба гуфтаи Дидбони ҳуқуқи башари Сурия, нирӯҳои давлатӣ шаби ҷумъа тайи қариб як соат ду мавзеъи таҳти назорати чирикиҳо дар ҳошияи шаҳри Ҳумсро тирборон кардаанд.
XS
SM
MD
LG