Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия аз нимаи дувуми моҳи апрел воридоти маҳсулоти рустанӣ аз Тоҷикистон ба ин кишварро манъ хоҳад кард.

Бино ба хабарҳо, сар аз 16-уми апрели соли ҷорӣ воридоти маҳсулоти рустанӣ аз Тоҷикистону Озарбойҷон ва Узбакистон дар бордону ҷомадонҳои дастӣ ба Русия манъ хоҳад шуд. Зеро ба таъкиди “Росселхознадзор”, ниҳоди нозир бар тавлидоти кишоварзӣ, воридоти рустаниҳои зиёновар ба Русия аз ин кишварҳо афзудааст.

Ба қавли масъулони ин ниҳод, дар соли 2011-ум, аз ҷумла аз Тоҷикистон 228 мавриди овардани рустаниҳое сабт шуда, ки воридоти онҳо ба Русия мамнӯъ будааст. Аз Узбакистон ҳам бештар аз 120 бор талош шудааст, то тавлидоти мамнӯъро ба қаламрави Русия ворид намоянд.

Дар моҳи марти соли ҷорӣ “Росселхознадзор” бо нашри баёнияе гуфта буд, онҳо “аз ҳаққи манъи воридоти тавлидоти кишоварзӣ" аз ин кишварҳо бархӯрдоранд ва ин амр бо қонунҳои байнулмилалӣ муғойират надорад.

Соҳибназарони тоҷик мегӯянд, Русия борҳо аз тавоноиҳои "Росселхознадзор" ва "Роспотребнадзор"-и худ бар зидди кишварҳо истифода кардааст. Қаблан, дар авҷи бад шудани робитаҳои Русия бо Гурҷистон, Молдова ва Беларус Маскав ба таҳрими майи гурҷиву молдовӣ ва шири беларусӣ даъват карда буд.

Русия чунин маҳдудиятро барои меваҳои хушки Тоҷикистон дар соли 2010-ум ва он ҳам ба дунболи бурузи бемории фалаҷи атфол ё полиомиелит ҷорӣ намудааст, ки баъдан лағв шуд. Ҳамчунин, дар пайи баҳси додгоҳии ду халабони ширкати русии "Ролкан" дар моҳи ноябри соли 2011-ум "Росселхознадзор" таҳдид намуд, ки воридоти маҳсулоти зироатӣ аз Тоҷикистонро мамнӯъ хоҳад кард.

Ин изҳороти хадамоти "Росселхознадзор"-и Русия баъд аз баёнияи раиси “Роспотребнадзор” ва сарпизишки санитарии Русия Геннадий Онишенко он замон дувумин даъват ба таҳримҳои зидди Тоҷикистон буд. Онишенко гуфт, бояд вуруди тоҷиконро ба Русия манъ кард, зеро бемориҳои вогир, аз ҷумла сил ва СПИД дар байни онҳо зиёд аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG