Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумаки ИА ва СММ барои рафъи асароти пеститсидҳо


ИА ва Барномаи ғизои СММ тайи 4 соли оянда ба 12 кишвари шӯравии собиқ, аз ҷумла Тоҷикистон, барои рафъи авоқиби истифодаи пеститсидҳо дар заминҳои кишт 7 миллион евро кумак хоҳанд кард. Ин ду ниҳод пеститсидҳоро як «таҳдиди ҷиддӣ" унвон кардаанд. Раҳбари Барномаи ғизои СММ Жозе Гразиано да Силва гуфт, пеститсидҳо дар кишоварзӣ шояд муҳим ҳаст, вале ин маводи кимиёвӣ ба маҳзи асароти бадаш ба ба саломати мардум ва муҳити зист бояд масъулонатар истифода шавад. Бино ба ҳисобҳо, то 200 000 тонна, ё нисфи пеститсидҳои дунё дар шӯравии собиқ истифода мешавад.
XS
SM
MD
LG