Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Титаник": Фирори сарнавиштсози як арманӣ аз туркҳо


Нишон Крекорян бо аҳли хонаводааш

Нишон Крекорян бо аҳли хонаводааш

Ҳамаи мусофирони киштии маъруфи “Титаник”, ки сад сол пеш ғарқ шудааст, сарватманду ҷаҳонгард набуданд.

Гуфта мешавад, наздик ба нисфи мусофирони "Титаник" муҳоҷирони корӣ буданд, ки дар орзуи рӯзгори беҳтар ба Амрикову Канада азми сафар карда буданд.

Шаби 14 ба 15-уми апрели соли 1912-ум, вақте "Титаник" баъд аз бархӯрд бо яхпораи азим зери об рафт, як мардикори арманӣ, ки аз Туркияи усмонӣ фирор карда буд, худро дар обҳои сарди уқёнуси Атлантик дарёфт. Баҳори он сол (1912-ум) аъзои оила ба навҷавони бистсолаи арманӣ Нишон Крекорян машварат медиҳанд, ки аз Арманистони ғарбӣ ҳиҷрат намуда, бахташро дар он сӯи уқёнуси Атлантик ҷӯё шавад.

Дар он солҳо ҳазорон арманӣ ба ҳамин тартиб аз таъқиби туркони усмонӣ фирор мекарданд. Крекорян ҳам аз чанд кишвари аврупоӣ зиёрат намуда, билохира, муваффақ мешавад, ки арзонтарин билети "Титаник"-ро харидорӣ кунад. Монанди Крекорян 700 мардикори дигар аз кишварҳои нимҷазираи Скандинавия, Аврупои Шарқӣ ва Ховари Миёна дар орзуи ҳаёти беҳтар тавассути "Титаник" сафари Амрико доштанд.

Ван Соломонян, набераи Крекорян, аз нақли падарбузургаш мегӯяд, онҳо дар қисмати арзонтарин, яъне поёни киштӣ буданд, вале ба ҳар ҳол шароити будубош ва таъмини ғизояшон бад набуд. Вазъ шаби 14-уми апрел баъди бархӯрди "Титаник" бо яхпораи азим тағйир ёфт. Ба қавли Соломонян вақти садама бобояш бо мусофирони дигар сари миз қартабозӣ мекардааст.



Крекорян ҳамчунон ба наберааш нақл карда будааст, ки наҷоти ӯ тасодуфӣ буду аксари мусофирони ба истилоҳ “мартаба ё худ класси сеюм” натавонистанд, ки ба болои киштӣ бароянду дар қаиқҳои наҷот ҷо пайдо кунанд. Аз миёни 2200 мусофиру маллоҳи "Титаник" 700 нафар асосан мусофирони сарватманди мартабаи аввал ва дуюм наҷот ёфтаанд.

Крекорян баъди наҷот аз фоҷиаи Титаник дар шаҳри Сант Катеринеси вилояти Онтариои Канада мустақар шудааст. Дар он ҷо Крекорян кору хона ёфта, чанде аз аъзои оилаашро ҳам барои иқомати доимӣ дар Канада даъват мекунад ва барои худу наздиконаш ҳаёти хубу осудае ташкил менамояд. Крекорян, ки ҳамчун муассиси бунёди аввалин калисои арманӣ дар Канада шинохта мешавад, дар синни 89-солагӣ вафот кардааст.

Набераи ӯ мегӯяд, Крекорян ҳеҷ гоҳ муваффақ нашуд фоҷиаи "Титаник"-ро фаромӯш кунад ва нафақат сафар бо киштиро канор гузошт, балки аз оббозӣ дар баҳр низ парҳез мекард. Эҳтимол оби сарди Атлантик ва фиғони мусофирони ғафлатзадаи "Титаник" аз дилу ҳушаш берун нашуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG