Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тарафҳо ба гуфтушуниди ҳастаӣ дар Истанбул омодаанд


Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ рӯзи шанбе дар Истанбул барномаи ҳастаии Теҳронро баррасӣ мекунанд, ки Ғарб шубҳа дорад, ҳадафаш дастёфт ба силоҳи ҳастаист. Ин мулоқот барои Эрон ва панҷ узви доимии Шӯрои Амният бо иловаи Олмон як шонси бурунрафт аз бунбасте шумурда мешавад, ки солҳост, идома дорад. Таҳлилгарон онро гуфтушуниди ҳалкунанда дар таърихи музокироти ҳастаии Эрон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ унвон кардаанд. Исроил омодаи зарба ба иншооти ҳастаии Эрон аст ва Теҳрон таҳдид кардааст, ки гузаргоҳи умдаи нафти ҷаҳон -- гулӯгоҳи Ҳурмузро хоҳад баст.
XS
SM
MD
LG