Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занону фарзандони бин Лодин аз Покистон ихроҷ мешаванд


Вакили дифои хонаводаи Усома бин Лодин гуфт, ҳамсарон ва фарзандони раҳбари кушташудаи Ал-Қоида ҳафтаи оянда аз Покистон ихроҷ ва ба Арабистони Саудӣ фиристода хоҳанд шуд. Аввали ин моҳ додгоҳ се ҳамсари бин Лодин, ду шаҳрванди Саудӣ ва як яманиро, якҷо бо ду духтарашон барои иқомати қайриқонунӣ дар Покистон ба 45 рӯзи ҳабси хонагӣ маҳкум кард. Онҳо баъд аз қатли бин Лодин дар амалиёти нерӯҳои махсуси Иёлоти Муттаҳида моҳи майи соли гузашта боздошт шуда, дар маҳбаси Исломобод ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG