Пайвандҳои дастрасӣ

Додситонии кулли Тоҷикистон ба номаи вакилони ҲНИТ дар парлумон дар хусусӣ «протоколи 32-20», ки дар «Звезда.ру» ба нашр расида буд, посух дод ва мӯҳтавои онро бепоя хонд.

Номаи додситонӣ бо имзои Додситони кулли кишвар Шерхон Салимзода ба дасти вакилони ҲНИТ расидааст.

Дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи ҷумъа ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин нома сухан аз ҳақиқат доштани ҷаласаи назди президент, ки дар он "протоколи 32-20" қабул шуда буд, мерафт.

Чуноне, ки дар нома омадааст, ҳамчунин як ҷаласае дар ҳамон рӯзу вақте, ки дар навиштаи «Звезда.ру» зикр шуда, баргузор гаштааст. Аммо мӯҳтавои он ҷаласа ба он мазмуне, ки Звезда.ру навиштааст, мувофиқат намекунад.

Дар ҳамин ҳол Ҳикматулло Сайфуллозода, аз масъулони ҲНИТ гуфт, ки аз посухи Додситонии кулл ба номаи вакилони ин ҳизб розӣ нестанд ва садорати ҳизб тасмим гирифтааст, ки номаи ҷавобии Додситони куллро дар нишасти махсуси Шӯрои сиёсии худ баррасӣ кунад.

Ба қавли ҷаноби Сайфуллозода, манзур аз муроҷиат ба Додситонии кулл, рӯшанӣ бахшидан ба «протоколи 32-20» буд, ки чӣ гуна дар саҳифаи матбуот пайдо шуд ва манзур аз бандҳои ин протокол чӣ аст. Ба назари ин масъули ҲНИТ, посухи додситонӣ ноқис аст.

Ҳудуди як моҳ қабл торнамои "Звезда.ру"-и Русия дар матлаби худ таҳти унвони "Тоҷикистон дар пешорӯи инқилоб" навишта буд, ки ҳукумати Тоҷикистон алайҳи ҲНИТ ва ширкатдорони гирдиҳамоиҳои солҳои 90-ум, барномаеро рӯи даст гирифтааст.

Аммо он замон ҳам, мақомот ин матлабро бӯҳтон номиданд. Рӯзи 7-уми март вазири умури дохилӣ Рамазон Раҳимов изҳор намуда буд, ки Прокуратураи генералӣ таҳқиқи матлаби "Звезда.ру"-ро шурӯъ кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG