Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тазоҳурот ва даргириҳои пароканда дар Сурия


Ҳазорон нафар аз суриягиҳо дар дувумин рӯзи оташбасе, ки бо миёнаравии Созмони Милал шурӯъ шуда, қарор аст, ба саркӯби 13-моҳаи мухолифон дар Сурия хотима гузорад, бо эътироз аз ҳукумати президент Башор Асад ба кӯчаҳо рехтанд. Фаъолон мегӯянд, сарбозон як тазоҳуркунандаро дар шаҳри Ҳамо ба ҳалокат расондаанд. Тазоҳуроти дигар дар шаҳри шимолии Ҳалаб ба вуқӯъ пайваст. Маъмурони амниятӣ ба ҳаво тир холӣ карданд ва норозиёнро ҳадафи калтак қарор доданд. Бо вуҷуди як даргирӣ дар наздикии марзи Туркия, намояндаи Созмони Милал гуфт, тарафҳо оташбсаро муроот мекунанд.
XS
SM
MD
LG