Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лағви ҷашнвораи синамои Озарбойҷон дар Арманистон


Тазоҳурот ва муҳосираи толор аз тарафи эътирозгарон сабаби лағви ҷашнвораи синамои Озарбойҷон дар Гюмрӣ, дувумин калонтарин шаҳри Арманистон шуд. Ин дувумин ҷашнвора аст, ки бо ташаббуси Маркази Сулҳи Қафқоз ва пуштибонии сафоратҳои Амрикову Бритониё омода, вале зимни эътирозҳо лағв мешавад. Пештар ташаббускорон натавонистанд, онро дар Ереван, пойтахти Арманистон баргузор кунанд. Озарбойҷон ва Арманистон барои Қарабоғи Кӯҳӣ бо ҳам ҷангида, бо вуҷуди оташбас ва гуфтушунидҳо, дар ҳоли хусумат боқӣ мондаанд.
XS
SM
MD
LG