Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шартҳои ҳамкории Покистон бо Ғарб рӯшан шуданд


Амрико гуфтааст, дар ҳоли баррасии шартҳои Покистон барои эҳёи ҳамкориҳост. Ин шартҳорои порлумони Покистон ба тавсиб расонд ва акнун имкон дорад, роҳҳои икмолотии нирӯҳои НАТО дар қаламрави Покистон боз шавад, аммо ба шарти қатъи интиқоли аслиҳа ва муҳимоти ҷангӣ. Сарвазири Покистон, Юсуф Ризо Гелонӣ гуфт, ки ҳукумати вай омода аст ин дастурҳоро бидуни чуну чаро “ҳарф ба ҳарф”иҷро кунад:

"Ин пайти эҳёи ҳамкории бошарафона ва боэҳтиромона аст. Мо наметавонем, канораҷӯӣ кунем. Мо, тавре худи Шумо дуруст қайд кардед, бояд ҳамроҳ бо аҳли ҷаҳон бошем.”

Муносибатҳои Покистон ва НАТО моҳи ноябри соли гузашта, пас аз ҳалокати 24 сарбозаш ба сардӣ гароид. Акнун интизор меравад, НАТО ва Амрико тарҳи нави Покистонро баррасӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG