Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаммадалӣ Маҳмадов барандаи ҷоизаи ИДМ шуд


Ҳунарпеша ва коргардони тоҷик Муҳаммадалӣ Маҳмадов барандаи ҷоизаи байнидавлатии "Звезды Содружества"-и соли 2011 шуд. Ҳафт ҷоизаи “Ситораҳо” рӯзи ҷумъа дар Маскав ба барандагонаш аз Русия, Озарбойҷон, Қирғизистон ва кишварҳои дигари Ҷомеаи муштаракулманофеъ тақдим гашт. Дар хабар гуфта мешавад, Муҳаммадалӣ Маҳмадов барои нақшофарӣ дар намоишҳои театри “Нимҷазира” ва зиёда аз 40 нақши синемоӣ барандаи ҷоизаи "Звезды Содружества" дар соҳаи адабиёт ва ҳунар гардидааст.
XS
SM
MD
LG