Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабқати номзадҳои раёсат дар Бонки Ҷаҳонӣ


Номзади Амрико ба мақоми раиси Бонки Ҷаҳонӣ, коршиноси умури беҳдоштӣ, Ҷим Йонг Ким рӯзҳои 12-17-уми апрел ба Русия ва Перу сафар мекунад, то пуштибонии ин кишварҳоро ба даст орад. Вай аллакай ба бархе аз давлатҳои Осиё, Амрикои Марказӣ ва Лотинӣ сафар ва бо вазирони молияи онҳо мулоқот кард. Ду номзади дигар низ барои мақоми раиси Бонки Ҷаҳонӣ сабқат доранд, ки яке вазири молияи Нигерия Нгозӣ Оконҷо-Ивеала ва вазири пешини Колумбия Хосе Антонио Окампо мебошанд. Ин курсӣ одатан моли Иёлоти Муттаҳида шумурда мешавад ва қарор аст, раиси феълии Бонки Ҷаҳонӣ, Роберт Золлик, охири апрел ба истеъфо равад.
XS
SM
MD
LG