Пайвандҳои дастрасӣ

Варзишгари тоҷик ба Паралимпиадаи Лондон роҳхат гирифт


Парвиз Одинаев

Парвиз Одинаев

Парвиз Одинаев, варзишгари тоҷик, ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои паралимпии соли 2012-ум дар Лондон мушарраф шуд.

Ӯ дар сабқати интихобии ҷаҳонӣ дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб дар риштаи пауэрлифтинг (вазнабардорӣ) дар рақобатҳо дар вазни 82 кг мақоми чаҳорумро касб кард ва соҳиби роҳхат ба Паралимпиадаи Лондон шуд. Ин натиҷа ба ӯ имкон дод, ки мавқеашро дар рейтинг ё феҳристи ҷаҳонӣ мустаҳкам намояд.

Варзишгари маълули тоҷик авохири соли гузашта низ дар сабқати интихобӣ, ки дар Дубай баргузор шуд, мақоми дувумро касб карда, дар феҳристи ҷаҳонӣ дар ҷойи чаҳорум қарор гирифта буд. Ҳамон замон Парвиз барои дарёфти роҳхат ба Паралимпиадаи Лондон заминаи боэътимод гузоштааст.

Ширинҷон Мамадсафоев, ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба “Озодӣ” гуфт, “Бозиҳои XIV паралимпӣ аз 29-уми август то 9-уми сентябри соли равон дар Лондон доир хоҳанд шуд. Ба барномаи Паралимиада 20 намуди варзиш шомил аст, аз ҷумла варзишгарон дар навъи пауэрлифтинг барои 20 маҷмӯи медалҳо мубориза мебаранд.”

Ҷаноби Мамадсафоев афзуд, варзишгари тоҷик Парвиз Одинаев барои бори дувум ба Паралимпиада роҳхат гирифтааст. Ӯ аввалин бор соли 2004-ум дар Бозиҳои паралимпӣ дар Афинаи Юнон ширкат карда буд.

Парвиз Одинаев ба “Озодӣ” гуфт, “ман барои дарёфти роҳхати олимпӣ кӯшиши зиёд кардам ва бовар доштам, ки ба натиҷаи мусбат ноил мешавам. Муваффақияти ман ба устодонам Толеъ Холназаров ва Олим Парпиев бастагӣ дорад, ки аз онҳо муташаккирам. Инчунин ба Ширкати “Babilon-Mobile”, ки харҷи сафари маро ба Дубай пардохт намуд, изҳори сипос мекунам. Ман ба Бозиҳои паралимпӣ дар Лондон хуб омодагӣ мебинам ва умедворам, ки муваффақ мешавам.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG