Пайвандҳои дастрасӣ

Даромади Владимир Путин-раиси ҷумҳури мунтахаб ва нахуствазири Русия дар соли 2011 нисбат ба соли 2010 1 миллиону 380 ҳазор рубли русӣ коҳиш ёфтааст. Тибқи иттилои Итар-Тасс, ин хабар дар сомонаи ҳукумати ин кишвар чоп шудааст. Соли 2010 Путин 3,6 миллион рубл даромад доштааст,, ки баробар бо 120 ҳазор доллар аст. Вале даромади Путин дар соли 2010 5 миллиону 40 ҳазор рублро ташкил медод.

Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳур 3 миллиону 371 ҳазор рубл даромад доштааст. Даромади хонум ва писари вай нишон дода нашудааст. Ин маълумотро нахуствазир ва раиси ҷумҳур дар санадҳои расмӣ, яъне дар декларатсия худ дар бораи даромадашон нишон додаанд.

“Сарватмандтарин” одам дар соли гузашта Александр Хлопонин-муовини нахуствазир ва фиристодаи раиси ҷумҳур барои Қафқози Шимолӣ будааст. Даромади вай 484 миллион рубл будааст. Агар даромади солонаи Путин ва Медведевро як ҷо гузорем, дар он сурат даромади Хлопонин аз ҳар дуи онҳо 68 баробар зиёд будааст.
XS
SM
MD
LG