Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳомид Карзай мехоҳад вақти интихобот тағир ёбад


Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон мегӯяд, вай тағирот дар бораи баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 2014 ва дар ихтиёри нируҳои Афғонистон гузоштани масъулияти амниятии ин кишвар баъд аз соли 2014-ро баррасӣ мекунад. Карзай зимни суханонаш дар як нишасти хабарии мушатарак бо Андерс Фог Расмуссен-Дабири кулли паймони НАТО дар Кобул гуфт, чунин кор Афғонистонро аз сангинии ду масъулияти ҳамзамон эмин нигаҳ хоҳад дошт. Оқои Карзай гуфт, оё Афғонистон метавонад яке аз ин традбирҳо, яъне интихобот ё хуруҷи комили нируҳои хориҷиро ба соли 2013 пештар орад? Вай афзуд, то ҳол дар ин бора тасмими ниҳоӣ гирифта нашудааст.
XS
SM
MD
LG