Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рашид Нургалиев ба Дума гузориш медиҳад


Рашид Нургалиев
Рашид Нургалиев
Интизор меравад, ки имрӯз Рашид Нургалиев-вазири корҳои дохилаи Русия дар Думаи Давлатӣ гузориш диҳад. Сергей Наришкин-раиси Думаи Давлатӣ гуфт, сӯҳбат дар бораи натиҷаҳои ислоҳот дар пулис ва сиёсати кадрӣ дар ин вазорат дар миён хоҳад буд. Интизор меравад, ки аз вазир дар бораи як фоҷеа дар шӯъбаи пулиси “"Дальний" дар Қазон суол кунанд. Дар он ҷо дар натиҷаи шиканҷаи пулис як боздоштшуда ҷон дода буд. Ҷиноҳи ҳизби "Справедливая Россия" пешнависи қатъномаеро дар бораи истеъфои Нургалиев ба Дума пешниҳод кардааст. Вале ин пешниҳодро дар баррасӣ намегузоранд, зеро он бо нақзи муқаррарот пешниҳод шудааст.
XS
SM
MD
LG