Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушаки партобкардаи Кореяи Шимолӣ ба уқёнус афтод?


Акси моҳвораии маҳали партоби мушак
Акси моҳвораии маҳали партоби мушак
Вазоратҳои дифои Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон мегӯянд, ки партоби мушаки Кореяи Шимолӣ муваффақиятомез набудааст. Наокӣ Танака-вазири дифои Ҷопон гуфт, ки дар бораи партоби мушак хабар дода шуд, вале баъд аз як дақиқаи партоб пораҳои ин мушак ба уқёнус афтодааст. Ким Мин Соек-сухангӯи вазорати дифои Кореяи Ҷанубӣ низ гуфт, ки “зоҳиран мушак афтодааст”. Худи Кореяи Шимолӣ то ҳол ин хабарро таъйид накардааст. Амрико ва чанд кишвари дигар ба иддаои Кореяи Шимолӣ бовар надоштанд, ки гӯё мушаки ин кишвар моҳвораи ҳавошиносиро ба фазои кайҳон интиқол медиҳад. Онҳо мегуфтанд, ки Кореяи Шимолӣ ба ҳамин баҳона мехоҳад мушаки дурбурди худро озмоиш кунад. Озмоиши чунин мушакҳо нақзи муқаррароти Шӯрои Амнияти СММ мебошад.
XS
SM
MD
LG