Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кореяи Шимолӣ мушаки худро партоб кардааст


Акси моҳвораии маҳали партоби мушак

Акси моҳвораии маҳали партоби мушак

Вазорати дифои Кореяи Ҷанубӣ мегӯяд, ки Кореяи Шимолӣ мушаки худро партоб кардааст. Ким Мин Соек-сухангӯи вазорат гуфт, ин мушак соати 7:39 вақти маҳаллӣ партоб шудааст. Телевизиони Кореяи Ҷанубӣ ва хабаргузории Ёнҳапи ин кишвар низ дар бораи партоби мушак гузориш додаанд. Хабаргузориҳои Итар Тасс-и Русия, Ройтерз ва AFP низ ин хабарро таъйид кардаанд. Маҳофили байналмиллалӣ аз ин иқдоми Кореяи Шимолӣ интиқод мекарданд. Ҳатто Русия ва Чин аз ин кишвар хоста буданд, ки мушаки дурбурди худро партоб накунад. Худи Кореяи Шимолӣ то ҳол ин хабарро таъйид накардааст.
XS
SM
MD
LG