Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Байни Тоҷикистону Эрон лулаҳои об ва газ бунёд хоҳад шуд?


Алиасғар Шеърдӯст-сафири Эрон дар Тоҷикистон гуфтааст, кишвараш омода аст ба Тоҷикистону Қирғизистон ва Чин газ диҳад. Вай ба матбуот гуфт, бар асоси тавофуқоти ба дастомадаи раҳбарони Эрону Афғонистон ва Тоҷикистон дар Душанбе, аз Эрон тавассути Афғонистон ба Тоҷикистон ва Қирғизистону Чин лулаи газ бунёд хоҳад шуд. Ба гуфтаи Алиасғари Шеърдӯст, илова бар бунёди лулаи гази Эрону Тоҷикистон ҷонибҳо ба тавофуқ расидаанд, ки дар ҳамин масир аз Тоҷикистон ба Эрон лулаи об ва роҳи мошинрав низ бунёд шавад.
XS
SM
MD
LG