Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони ҷаҳон аз Сурия хостори иҷрои нақшаҳои сулҳ шуданд


Раҳбарони ҷаҳон аз режими Димишқ хостанд, нақшаҳои сулҳи СММ-ро бояд пурра ба иҷро расонад. Ба ин нақша ҳамчунин оташбас низ дохил мешавад ва он рӯзи панҷшанбе шурӯъ шуд. Барак Обама ва Никола Саркозӣ-руасои ҷамоҳири Амрикову Фаронса бар ин назаранд, ки Сурия бояд нақшаи сулҳи Кофӣ Аннон-фиристодаи байналмиллалӣ барои Сурияро, ки аз шаш модда иборат аст, комилан иҷро кунад. Дар як гуфтугӯи телефонӣ Обама ва Саркозӣ ба тавофуқ расиданд, ки бояд талошҳо, аз ҷумла дар Шӯрои Амният низ ташдид ёбад, то Сурия ба “саркӯбии бераҳмона” хотима диҳад.
XS
SM
MD
LG